Абулаббос Шамсуддин Аҳмад ибни Шиҳобуддин Муҳаммад ибни Иброҳим ибни Абубакр ибни Халликон (22 сентябр 1211, Арбил — 30 октябр 1282, Димишқ, Салтанати Мамолик) — таърихнигор, адиб ва фақеҳи шофеъӣ.
=KTML_Bold=Зиндагинома=KTML_End=
Баъзе донишмандон насаби Ибни Халликонро ба қабилаи Зарзорияи курд ва бархе ба хонадони Бармакиёни Балх пайвастаанд. Падараш фақеҳи машҳур Муҳаммад ибни Иброҳим дар аҳди атобак (ҳоким)-и Арбил — Музаффаруддин Гукбурӣ (1190—1232) чанд муддат мударриси мадрасаи Музаффарияи Арбил буд. Ибни Халликон баъди фавти падараш (1213) зери сарпарастии Музаффаруддин Гукбурӣ тарбия ёфта, дар назди донишмандони машҳури Арбил, Мавсил, Ҳалаб, Димишқ, Искандария ва Қоҳира илму дониш омӯхт.
Ибни Халликон дар Қоҳира бо ходимони дарбори Айюбиён (1171—1260) — Баҳоуддини Заҳир ва Ибни Матруҳ ошноӣ пайдо карда, аввал ноиби қозии шаҳри Қоҳира, баъд дар аҳди ҳукумати мамлуки Мисру Шом — Бейбарси I (1260—1278) қозии Димишқ таъйин шуд. Соли 1271 Ибни Халликон аз вазифа барканор шуда, то охири умр дар мадрасаҳои «Наҷибия» ва «Аминия» ба тадрис машғул буд. Ибни Халликон бо донишмандону шоирони замонаш Ибни Асир, Ибни Салоҳ, Ҷамолуддин Абдурраҳмони Воситӣ, Муҳаммад ибни Унайни Ансорӣ, Баҳоуддини Заҳир, Ибни Матруҳ, Мутанаббӣ ва дигарон робита пайдо карда, дар сурудани ғазалу дубайтӣ чирадаст буд.
Аз осори Ибни Халликон танҳо китоби донишномаии ӯ «Вафаёту-л-аъён фӣ анбои абнои-з-замон» боқӣ мондааст.
[1]