Абулфидо Исмоил (1273, Димишқ — 27 октябри 1331, Ҳамо) — донишноманависи араб, таърихдон, ҷуғрофиёдон; аз авлоди амирони Айюбиёни Ҳамо (Сурия).
Асарҳои илмӣ
Асарҳои машҳуру маъмултарини Абдулфидо инҳоанд 1) «Ал-мухтасар фӣ таърих-ил-башар». Ин асар ҳодисаҳо, рӯйдодҳо ва воқеаҳои то соли 1329-ро, ки аксаран аз қисмҳои кӯтоҳкардашудаи китоби таърихии Ибни Асир — «Ал-Комил фӣ-т-таърих» гирифта шудаанд, дар бар гирифтааст. 2) «Тақвим-ул-булдон» (дар қисмати аввали он маълумот оид ба замин , ҳафт иқлими он, баҳру дарёҳо ва кӯҳҳо; дар қисмати дуюм маълумот оид ба Хоразм ва Мовароуннаҳр дода шудаанд). 3) «Таърихи Абулфидо», воқеаҳои таърихии ҳамон замонро то соли 1329 дар бар гирифтааст. Абдулфидо оид ба илми фиқҳ низ китобе бо номи «Ал-Ҳовий» навиштааст. Асараш «Тақвим-ул-булдон» қисман ба забони русӣ тарҷума шудааст (1891, Қазон).
[1]
This item has been written in (Тоҷикӣ) language, click on icon
to open the item in the original language!
This item has been written in (Тоҷикӣ) language, click on icon
to open the item in the original language!
This item has been viewed 129 times
Write your comment about this item!