Раҳим Муъинии Кирмоншоҳӣ (форсӣ:
رحیم معینی کرمانشاهیرحیم معینی کرمانشاهی ; 6 феврал 1922, Кирмоншоҳ — 17 ноябр 2015, Теҳрон) — наққош, рӯзноманигор, нависанда, шоир ва таронасарои аҳли Эрон.
=KTML_Bold=Зиндагинома=KTML_End=
Раҳим Муъинии Кирмоншоҳӣ ба ривоятҳои пешин дар соли 1922 (1301 хуршедӣ[1]) дар Кирмоншоҳ зода шудааст. Падараш Карим Муъинӣ, мулаққаб ба Солори Муъаззам, марде шуҷоъу далер буд ва ба воситаи рафоқате, ки бо Нусратуддавлаи Фирӯз дошт, чанде аз тарафи вай ба ҳукумати Форс мансуб шуд ва муддате низ барои саркӯби шӯришиёни Луристон бо сипаҳбуд Амир Аҳмадӣ ҳамкорӣ кард ва пас аз фавти Нусратуддавла барои ҳамеша аз корҳои сиёсӣ канорагирӣ кард ва дар гӯшаи инзиво ба сар бурд.
=KTML_Bold=Фаъолияти ҳунарӣ=KTML_End=
Ӯ аз соли 1320 хуршедӣ ба кори наққошӣ пардохт ва дар ин роҳ пешрафт кард ва тоблуҳое низ ба ёдгор гузорид. Дар зимни корҳои наққошӣ ба назми шеър мепардозад ва қисмате аз осори адабиву иҷтимоъии ӯ дар рӯзномаи «Силаҳшӯрони ғарб» ба чоп расид. Ӯ достони «Ахтар» ва «Манучеҳр»-ро дар чаҳор тоблу ба риштаи назм кашид ва дар он ҳақоиқи аз иҷтимоъи замонро муҷассам кард. Зимни сурудани шеър чанде ба таронасароӣ пардохт ва таронаҳои ӯ, ки тавассути хонандагони родию хонда мешуд аз шуҳрати басазое бархӯрдор шуд.
Муъинии Кирмоншоҳӣ дар соли 1330 хуршеди ба дастури Муҳаммад Мусаддиқ нахуствазири вақт ба истихдоми Идораи кулли интишороту таблиғот даромад ва дар соли 1334 хуршедӣ ба муованати Идораи родию мансуб гардид. Муъинии Кирмоншоҳӣ дар ибтидои даҳаи 1330 хуршедӣ ва ба пешниҳоди Алии Даштӣ тахаллуси «Умед»-ро баргузид ва пас аз эътирози Ахавони Солис аз доштани тахаллус мунсариф шуд ва пасванди Кирмоншоҳиро ба думболи номи хонаводагии Муъинӣ изофа намуд ва бо номи Муъинии Кирмоншоҳӣ ба кори ҳунарӣ пардохт.
Аз осори ӯ метавон ба девони «Эй шамъҳо бисӯзед» шомили ғазалиёти вай то соли 1344 хуршедӣ, андешае дар маснавии ба номи Фитрат, девони «Хуршеди шаб» шомили ғазалиёти сурудашуда то соли 1365 хуршедӣ, баррасии осору аҳволи лисонулғайб дар «Ҳофиз бархез, дар хароботи муғон» шомили тазмини ғазалиёти Ҳофиз, «Хоби нӯшин», «Ҳикояти нагуфта» ва даҳ ҷилд таърихи манзуми Эрон пас аз ҳамлаи аъроб то асри ҳозир таҳти унвони «Шоҳкор» токунун табъу нашр шудааст.
=KTML_Bold=Фаъолияти рӯзноманигорӣ=KTML_End=
Раҳим Муъинии Кирмоншоҳӣ дар соли 1328 дар шаҳри Кирмоншоҳ рӯзномаи «Силаҳшӯрони ғарб»-ро бунён гузошт. Ин рӯзнома дар солҳои нахуствазирии Муҳаммад Мусаддиқ аз машйи ин давлат ҳимоят карда ва ба ҳамроҳи чанд нашрияи дигар дар Кирмоншоҳ номи «Матбуъоти миллии Кирмоншоҳ»-ро бар худ ниҳоданд. Пас аз суқути давлати Мусаддиқ дар соли 1332, «Силаҳшӯрони ғарб» низ тавқиф шуда ва Муъинии Кирмоншоҳӣ барои муддате зиндонӣ ва ҳамчунин аз шуғли худ дар «Бонки Сипаҳ» ихроҷ шуд.
=KTML_Bold=Беморӣ ва даргузашт=KTML_End=
Муъинии Кирмоншоҳӣ аз соли1387 хуршедӣ ба далели куҳулати син ва бемориҳои ношӣ аз ин масъала, бо беморӣ дасту панҷа нарм мекард ва то рӯзи якшанбеи 24 обонмоҳи 1394 қалам ба даст машғули идомаи «Шоҳкор» буд ва танҳо куҳулати син ва сангинии гӯш ӯро ранҷ медод. Раҳим Муъинии Кирмоншоҳӣ пас аз чиҳилу ҳашт соати табби хафиф таърихи сешанбеи 26 обони 1394 дар синни 93 солагӣ ба манзури дармони таб ва дидор аз фарзандаш Ҳусайн Муъинии Кирмоншоҳӣ, ки бистарӣ буд озими Бемористони Ҷам шуд, ки қабл аз расидан дар худрав бо сактаи қалбӣ аз ранҷи зистан раҳоӣ ёфт ва дар «Биҳишти сакина»-и шаҳри Караҷ дафн шуд.
Тибқи васияти Муъинии Кирмоншоҳӣ, масъулияти ҷамъоварӣ, вироиш, назорат бар чопи ғазалиёт, хотирот ва идомаи «Шоҳкор» ба фарзандаш Ҳусайн дода шудааст.
[1]