Абуҳанифа Аҳмад ибни Довуд ибни Вананди Динаварӣ (828, Динавар[d], Устони Кирмоншоҳ — 889) — риёзидон, ҳайатшинос, набототшинос, файласуф, муаррих, адиб ва луғатшиноси маъруфи форс-тоҷик.
=KTML_Bold=Зиндагинома=KTML_End=
Бештари ҳаёт ва фаъолияти Абуҳанифаи Динаварӣ дар Динавар ва Исфаҳон гузаштааст. Дар Исфаҳон, аз мавзее, ки Абуҳанифаи Динаварӣ мушоҳидаҳои ситорашиносиро анҷом медод, дертар Абдурраҳмони Суфӣ дидан кардааст.
=KTML_Bold=Осори илмӣ=KTML_End=
Рисолаҳои зерини Абуҳанифаи Динаварӣ дар сарчашмаҳо вомехӯранд: «Китоб ал-ҷабр ва-л-муқобала» («Китоб дар ҷабру муқобала»), «Китоб ат-тахт фӣ ҳисоб-ул-ҳинд» («Китоб дар бораи тахта ва ҳисоби ҳиндӣ»), «Китоб ан-наводир-ил-ҷабр» («Китоб дар бораи нодириҳои алҷабр»), «Китоб-ул-васайа» («Китоби васият»), «Китоб-ул-ҳисоб-уд-давр» («Китоб дар бораи ҳисоби давра»), «Китоб-ул-кусуф» («Китоб дар бораи гирифти Офтоб»), «Китоб ал-азмина ва-л-амкина» («Китоб дар бораи замон ва макон»), «Китоб ун-набот» («Китоб дар бораи наботот»), «Китоб-ул-ахбор-ит-тивол» («Китоб дар бораи ахбори дароз»). «Китоб-уш-шеър ва-ш-шуаро» ва «Китоб-ул-фасоҳат» аз ҷумлаи таълифоти адабии ӯст. Абуҳанифаи Динаварӣ дар асари бисёрҷилдаи худ «Китоб-ун-набот» миқдори зиёди ашъори шоирони арабро роҷеъ ба гиёҳҳо дохил кардааст. «Китоб-ул-ахбор-ит-тивол»-и ӯ яке аз намунаҳои барҷастаи насри классикии араб буда, то замони мо пурра расидааст. Матни онро соли 1888 олими рус В. Ф. Гиргас дар Лейден ба табъ расонида буд. [1]